Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оғозам, шояд зеҳне буд, ки вожа мечид аз пичпичаи сояафшони дарахт ва мебўсид розро аз гўшонаи шабнаму гулсанг ва чашмаву моҳ.

Оғозам, шояд, дар беиблисии олам, дидане буд покии дили як кабўтарро рўшантар аз хуршед.
Дидане, ки пажмурдагии як решаро мегирист дар парешонии хаёли як беша.

Оғозам шояд таровиши шабнамии нигоҳе ошуфта буд ба аъмоқи як дидор ва бозгаште фурўғогин ба хоку боду обу оташ.

Оғозам шояд оғози вокуниши ибтидову интиҳо, сиришту сарнавишт, вуқўъу тасодуф дар ҳамеша буд...
Ва чӣ буд оғозам?
Шояд оғози ишқи будане дар набудан буд, ки гадойӣ мекард худиямро аз Худо?..

9-2000

НАМО

Сангобиям дар шугуфаҳои гулсанги абрўе, ва толобиям дар аксандози ҷангали гесуе сабз мешавад.

Шопаракҳои ҳайратам ба сапедаи гарданаҳое менуйӣ занҷираҳои парвозӣ меовезанд.

Ҷавлоне вазиданашро бо атри гули санҷид дар кўчаҳои хаёлам месанҷад.

Ёсумани талъате меозурахшад аз равзаҳои баланд ва кавкабаи нигоҳашро гулбез мекунад ба сарам.

Ўст,
яктотарин, ки гулҷўши хулосаҳои маъшуқияшро ба сарҷўши фалсафаи шайдоиям мерезад.

пешина
аз 264
навбатӣ