Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

3.2000

ДАР СУҒДИ ЧАШМҲО

Эй нажода, зи оли Диваштич!
Оташбарги ёли аспи Сомонхудот дар шонаат чу бози рашодат бол мезанад.
Ин боз дар авҷи баландтарин шахи Яғноб лона дошт.
Чеҳри пуропур аз сомонпурият гулҷўшест аз навбаҳори эҳё.
Ва Панҷекат, ин гавҳари шабчароғи Суғди дидаҳо, дар бомдоди худёбии Хуросон рўшание ба чашмандози Рўдакӣ мерезад.
Мардумакҳои чашми ин шаҳр дар сўзании миллати наврўз гули рақси алоби зардуҳуштиро бо кўки чашми Рўдакӣ зардўзӣ мекунад.
Эй нажода, зи оли Диваштич!
Манам, як шоха озарахши вағнич ва арғуштие чу як шоха ёли аспи Сомонхудот дар раҳгузори насими наврўзи Панҷекат.
3-1998
АРЎСИ ГЎР

Абрии диламро анбоштам аз барқи нигоҳат, ки атласии сиришкро ба пироҳани арўсият резам.
Оҳ, чӣ пиройише, ки сўзани санҷоқак тулўъро ба ҳошияи гиребонат бахя мезад.

Шаҳпарак тугмаҳоятро хол мекўбид, маҷнунбед занҷирае сабз ва обшор шаддае гулфаҳшангӣ ба гарданат меовехт.
Аммо, чӣ паривашие, ки баъд девбоди ҳирс бо болҳои дулорӣ ва арғуштҳои рублиро фаро хондӣ ба хокистарии армонам?!
Вовайлоям дуоят кард, ки: «арўси гўр шавӣ»
ва мотами ишқат абрии диламро ба шиддате боронид, ки издиҳоми селоби ашк ба кандани қабри арўсият мешитофт.
1-2000

пешина
аз 264
навбатӣ