Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТАНҲОЙӢ

Савганд ба насиб, ки танҳо наям ва танҳойӣ сафарнасибам дар миъбари надидаҳост ва дидҳое аз нуру сафо – чунон ки бориқаи1 раҳойӣ зи равзанаҳои азлоъ2 ва шарфаи фирори арвоҳ аз зиндони танҳо.

Инак, ману танҳойӣ, шамолае3 ларзонем дар шамолрави яқин бо хаёли хокиву хокистарии хеш ва ситорарези ашкем ба домони абрии қисмат.

Танҳойӣ шолудаи фитрат аст дар шугуфоии асил аз хоки шамойилҳои касрат.
Сабзишам, дар набзи замзамаҳои асмойӣ аз ибодате боронист.

Ман гули танҳойиям дар косбарги яктойӣ, ва яктойиам полудаи танҳойист.

1 Бориқа – тобиш, дурахш.
2 Азлоъ - қафаси сина, қабурғаҳо.
3 Шамола – шамъ.
Оҳ,
ай ниҳояти пок!
Раҳи гумномӣ меҷўям дар яктотарин,
ки паноҳ диҳадам аз гумроҳӣ.

Ай насими раҳойӣ!
Гумҷўи таровишам дар чаманҳои Бечун бош!
Ман, шираи дар ў шугуфтанамро исор мекунам ба шабнами сиришк.

11-1999

ПЕЧОПЕЧ

Нигоҳе
печида ба роҳ,
роҳе
печида ба оҳ,
оҳе
печида ба моҳ,
моҳе
печида ба ресмони чоҳ...

Пайсупоре бодпеч дар печопечи водии ҳеч...

6-2000

пешина
аз 264
навбатӣ