МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ОШИҚОНАҲО
1 Рух баркушо, дили осмон ин саҳар гирифтааст ва хуршед бағали шабро часпида.
2 Диламро боронид абрафшони барқи нигоҳат ва парвезани абрии дилам гандум бехт.
3 Ман су-суи1 толоби ҳайратам дар гарданаҳои тамошо, ки овезаҳои гарданат аз парвозаҳои гулпаракист.
4 Метарсам аз гесўят, чу моргазида аз ресмони ало, ки бисёрам газид мори ишқат.
5
Дарде
агар ба дил дорӣ,
ё балоят ба сар омад,
биё,
ки дарду балота гирам.
1 Су-су – милт-милт.
6 Обам деҳ, ки ашкҳоям дар аташи гиря месўзад.
4-5-2000
ДАР НИМАРОҲ
Дар нимароҳи бовар хушкидаи ҳайратро кулчавор тар кардам дар чашмаи яқин, ки гушнаи дидане будам дар донистан ва донистане дар дидан.
Чашма ойинаи ҳайратзада буд дар бозтоби ҳафт пардаи чашмонам1, ки мебалъид обҳои ҳафт осиёи гардандаи гардунро.
Су-суи бекарони сиришт бол меафшонд дар соярўшани уқёнусии мардумакам ва тафсири ояҳои зуҳур чароғак мезад дар ҳафтхати2 Ҷоми Ҷамии тўфонҳои зеҳниям.
1 Ҳафт пардаи чашм иборатанд аз мултаҳама, қарния, инабия,
анкабутия, шабакия, машима, сулбия.
2 Ҳафтхат – хатҳои Ҷоми Ҷам ва киноя аз ҳафт иқлим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё