Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар нимароҳи бовар ноштойӣ кардам ҳайратро.
ҳаҷмам ситора шуд, бовари хоколудам шарора шуд, нафсам дидан шуд ва тафаккурам гулбоғи чашмҳо.

Дар нимароҳи бовар диданро дидам, ки донистанро мебўйид ва донистан аз бўи дидор мерўйид.
7-2000

ХАЁЛ

Гулдўзие, чи зебо...
ки мижгонат хаёлро ба рухат медўзад.

Ай шугуфаи хаёл!
Ту дунёи манӣ, ки қонеъам ба бӯйи хаёл ва рўзиям ҳама хаёл асту доройиам ҳама хаёл.
7-2000
ҲАНЎЗ

Ай фосилаҳо!
Ҳанўзро бо худ баред, ки ҳанўз баста маро ба занҷири шабу рўз.

Бошад,
безамониро парвоз кунам.
7-2000

ҒАМ МАХЎР

Гиряпайванд будему хандапайванд, гиряҷудо шудему хандаҷудо.
Мурдапайванд будему зиндапайванд, мурдаҷудо шудему зиндаҷудо.

Ва ҳанўз,
меҳрпайвандему моҳпайванд,
субҳпайвандему шомпайванд...

Ғам махўр, ай оҳпайванд!
Мерасад рўзе, тақдирамон кунад хокпайванд ва дар кўи абад роҳпайванд...
6-2000

пешина
аз 264
навбатӣ