МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

БУДУ НАБУД
Зистан, ки ҷуз набудан нест дар набудан, паҳрадори ғурбати жўлидае дар шитоб ва парвардае дар аздод бо исми рўҳ аст, ки ба сар мебарад чамани қаноат ва лаҷани нафсро.
Вақте ки марг мефишорад анори зистро, чакидаи рўҳ аз боли бухор ҳавои малакутии хешро озарии ишқ ва обии хиёл меборад.
Инсон, ки дар қаламрави аносир ва нуру зулмат ҳисси рўҳонии ғурбатро зист меангошт, набудангоҳи рўҳ, эҳсос ва андўҳро меҳан мекунад.
4-2000
БЎИ БАЧАГӢ
Ҳанўз зиндаам дар бачагии рўҳ ва маънавиётам шир аз пистони вожаҳо менўшад.
Ҳанўз тимсоли модарам беҳтарин тоблу ва армони падарам беҳтарин фалсафаи дунёст.
Ҳанўз, об дар обшеби деҳи мо сареътар медавад аз моҳвораҳои гирди Замин ва аз пуршўртарин инқилоби ҷаҳон овоз медиҳад.
Ҳанўз, хаш-хаши рама дар алафҳои хушк беҳтарин оҳанг аст, хушхонтарин овозхон аз мусичаҳо ва тавонотарин лашкар аз мўрчаҳост.
Ҳанўз, зеботарин пистон пистони духтарии анор аст ва шаҳлотарин чашмон чашмони духтари бодом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё