МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ҳанўз, он чи омад аз шир, нарафта бо ҷон.
Зиндагиям бўи бачагӣ ва рўҳам бўи шир мекунад.
6-2000
ИСРОР
Шабоҳатамро гуфтам:
бирав аз ман, ки ман на туям ва на ман туйӣ!
Гуфт:
наравам, ки ман на манам, балки туям, ту на туйӣ, балки манӣ!
ДАРДИ САНГ
Санг то наафтад ба дасти инсон, дар худии худ майли саркафонӣ надорад.
Ай саркафидагон!
Санги бархўрдаатон ба сар шадидтар аз шумо дард мекашад.
Мо ҳама бегонаҳои эҳсоси сангем, ва дар ҳаққи санг сангдилтарем аз санг.
6-2000
ДАР ПАДРУД ВА ДИДОР
Аз гулоби ғуруб таъми падруд чашидам Дар гулбоғе, ки шаҳпараке мебўсид шаҳпаракеро, кабутаре кабутареро.
Аз гулоби тулўъ таъми дидор чашидам дар гулбоғе, ки шаҳпарак рўҳ ва кабутар фаришта буд.
Дар нигоҳи обшудаам фариштае мубўйид фариштаеро, рўҳе рўҳеро.
ТАРОНАЕ КАБЎТАРОНА
Омаданат
Дуруде кабўтарона дошт, рафтанат падруде кабўтарона ва оҳанги болҳоят атри дурии кабўтарона.
Хандарезтарин гуле будӣ ва гирёнтарин диле аз гуноҳи як ханда ва гулобитарин борон аз савоби як гиря.
Ғунчаворият дар чамани Сурхкўҳ1 шукуфотарин шарми духтарӣ мерехт аз табассумат ва хушбўтарин атри дилбарӣ мебехт аз такаллумат.
Барги сабзи навозиш будӣ ва тобише аз тулўъи ниёиш.
Эй деромада ба кўи қисмати ман!
Омаданат сафарнасиби умри гурезонам буд, рафтанат ҳамрави ишқи ҷўёнам.
Сарнавиштам акнун ранг дар рангинои рангоранги рухат мебозад, бетуйӣ дигар
1 Сурхкўҳ – номи кўҳе дар дараи Тагоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё