МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

мекушад маро, ғами наёмаданат мехўрад маро.
Эй гули ҳасрат!
Чӣ кунам?- атри оғўшат намеравад аз ман.
Оё ба кўчаҳои Душанбе афшонам, ки ошиқони бешуморат маст шаванд?
Оё аз лабонам канда нақши бўсаҳоро ба гадоёни висолат пошам?!
Чӣ кунам, ки меравӣ аз ман ва дигар барнамегардӣ...
Чи гузори сарсахтонаам буд дар рушании интизор аз сархори мижгонат!
Вале, бо ҳазорон нигаҳат маро надидӣ ва бо ҳазорон оғўши шабистонӣ маро ҷеғ назадӣ.
Кунун дар хокистарии армонам
Париҳои ҷодуи ту мерақсад
Ва ошуфтагиамро
Ба парешонии бод мепошад.
Ман акнун бенишонтар аз бенишониям ва аз ломакони пучии як ишқ бо ҳамҳамаи дарёбод ва печопечи бодҳои девона ба сўи ҳеҷ меравам.
Дигар ин олам пур аз ҳалқаҳои дуди ҷудойии туст аз мўрии ҳалқам ва пур аз гулбоди нолаи маҳҷурист аз гулўи дуриҳо.
Эй арўси умеди бороншуста!
Чу ишқ бароят аз арўсаке беш набуд, парниёни арўсиятро аз тўринпардаи борон тундбоди ҳирси ошиқони дигарат чанг мезанад.
Лоҷарам, ба борони ашк шўям ишқи беобрўямро, к-аз замин қатраборон рўяд ва гули ошиқи печон.
Аммо
Эй гумтарин паркашида!
Ман гумии туро гум нахоҳам кард, ту гумии маро ҳозир дор, бошад, кафтарона ёбем якдигарро, ва насими болҳои кабутарият дар чамани Сурхкўҳ шукуфойиро боз ба ҷавлон орад.
3-1999

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё