Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МО, ЗАМИН ВА СИПЕҲР

Мебинам давишро дар ист, истро дар давиш ва гурезро дар бозгашт.

Замин, дар намои истодан гирдгардоне ба даври хуршед аст ва мо давони истодаему истодаи давон.

Сипеҳр, истоди ошиқонаи моро бо пар-пари хаёли ситораҳо гирдобӣ мекунад пиромуни маъшуқ.

Ўст, меҳвари висол дар буду набуд.
Ману мо, чи арвоҳию чи аҷсомӣ, осиёсанги осиёи ваҳдатем ва марказгурезони марказшитоб.

4-2000
БОРОНИ ГУРГЗО1

Атри рафтанатро мешунавам аз бороне гургзо ва пур аз гурези нигоҳат мешавам.

Маҷнуниям тор ба абре метанад, ки дар дуки сапеда аз калобаи хаёли Лайло парешонӣ мебофад.

Рўд, мўя мересад шигифтона, ки ғизоле рамида зи бегургии ин дашт...

Пушти фирори нигоҳат самое ашкбезон бо паревезани хуршед, на гургзодӣ, балки гургзоии туро мегиряд...

12-1999

1 Борони гургзо – бороне, ки дар рўшании офтоб борад.

пешина
аз 264
навбатӣ