МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ў
Ў бо шабоҳате марямона шукуфотарин гули иффат буд ва нўшотарин чашмаи исмат.
Ў
дар маъсумии як кабўтар мезист,
лона дар боми ҳаё,
дона дар марзи сафо дошт.
Ў аз қазо рўзе дар доми лошахўрони фуҷур паркандаву нимбисмил басе ба дифоъи нангу ном тапид.
Ў
на ба фоҷирон,
балки тан дод ба марг,
ки паноҳаш бепаноҳӣ буд,
ва гуноҳаш бегуноҳӣ.
ТОРИХИ САБЗ
Бурсҳое расо дар торихи рўйиш, табарҳое буро дар торихи бурриш, зарбаҳое ҷонкоҳ ба буни сабзи торих, ва фиғони сабзу вожунии сабзи торих.
Баъд метобад шабоҳати торихии тарошаву пўстлох – ба лахтаҳои хушки хун ва шохаҳои бурида ба тиккаҳои устухони дасти сабз.
Баъд, метобад сукути мазористони танаҳои пуда, кундаҳои пўк, ва ҷангалҷои матрук чун харобазори шаҳрҳои Аҷам пас аз тохти Чингиз.
Аммо, ба гувоҳии торих, дар ин тал, ки моност ба сари кал, пои муғуле нарасида ба сабз.
Балки миҳандорони табарбадаст ҳама бисоти сабзро ба тороҷ бурдаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё