Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мардумоне таҳҷойӣ, ки бо даррандатарин нафс, ва буррандатарин ҳирс ва пўктарин сарҳо шигифтонидаанд торихи сабзи сиришт ва ақлро.

5-2000

ФАҚАТ ҶОН

Азройил ҷон меситонад, фақат ҷон...
Агар як зарра меситонид ришва, саросарии дунёро ҷое набуд барои ҷони мо.

3-2001
ШАДДАИ САПЕД

Дар гўристон ҷумҷумае пурсид:
-- чандсола будӣ?
Гуфтамаш:
-- чандинсолае дар чанд сония.


Шармин буд, ҳатто аз шарми худ мешармид.


Сукути туро мешамидам аз гунгии гўрҳо.
Борон оташи диламро мешуст.


Расми туро кашидам.
Аввал, бо ранги хунат сурх кардам лабонатро, сипас, бо ранги дилат сияҳ кардам мўятро.


Моддаро асл медонед?
Пас чаро ҷисматон дар адами рўҳ бўе намебарад аз асолати модда?


Шояд, нолаи шабгир нолаи шаб аст, ки ниҳояти бехуршедӣ металабад аз Ҳақ?!


Сапедор зарбаи табарро на бо сияҳҷеғ, балки пазирад бо сукуте, ки ҳазор сияҳҷеғро балъида.


Нигоҳам имшаб кулчаи ситора мехўрад ва бўи нон мекунад.


Одамӣ, агар зинда ба гўр мерафт, эҳтимол, ҷанги ҷаҳонӣ сар мезад миёни гўристонҳо, ва ё ҷаннати Худо ғорат мешуд...

пешина
аз 264
навбатӣ