МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Аз дили мо то Худо пайраҳае гираҳ мехўрад ин сў ба кокули сиришк, он сў ба гесўи шигифти ситораҳо.
Суҷудам пар-пар мезанад бо ду боли аҷз:
аҷзи вожаҳо дар пешгоҳи тафаккур, ва аҷзи дидаҳо дар пешгоҳи тасаввур.
Шаб, ба сари ворисони ҳазрати Одам мебезад гандумии ашки ситора ва субҳ гули орди сапеда.
Дар набуданат чашмонам ба фикр табдил ёфт ва дар буданат фикрам ба чашм.
Баҳор бистуҳ аз жолаборон аст, ки мурғи нимбисмили суруд метапад дар гулӯи тирхӯрдаи рӯд.
Рафтиву атри ҷодуи нигоҳ ва рангҳои карашмаатро борон шуст ва зеҳнам таҳорат кард.
ДАР ГУЛБОҒИ НУР
Тасбеҳи дарахт соярўшани маънии хобро ба зеҳнам, ва анвори тиловати баргҳоро ба рўҳам рехт.
Ман калиме будам, ки барқи кибриёии калом булури ҳастиямро об мекард.
Мерехтам аз обшори суҷуд ба ҳавзи шамъдонии ҳузур.
Тафсири ояҳои гулобии тулўъ медурахшид дар шабнамии наҷво ва шерозаҳои баёзи само аз зарҳалии ситораҳои сиришк.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё