Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фариштаҳо парниёни нур ба тан соя мерўфтанд аз боғҳои фаросўи тасаввур, ва нахҳои обу нурро ба калофаҳои садгесӣ мепечиданд.

Зиндагӣ падидае буд аз уфуқи ойинаи дидор.
Накҳати нур мевазид аз ҳиҷлаи висол.
Таҷаллӣ меарғушид дар толоби сапедадами азал, сукут хушбў мешуд аз анбари гулвожаҳои хилқат.

Ҳаво жўлида буд дар пич-пичайи борони зикр ва атри бомдодии номҳои Худо.

Гулмоҳиёни ҳавосам дар вусъати тобандагии обҳо амвоҷи баргҳои дарахти ҳамешаро мебўйид.

Настаране шукуфти арғувонӣ, пудинае шамомаи сабз ва нилуфаре нилии нигоҳ таоруфам мекард.

Тасбеҳи дарахт садои болҳои ойина буд дар гулбоғи вожаҳои нур, ки хобамро ба атри зуҳур ва рўҳамро ба фурўғи каломи Ҳақ меоғушт.

1-2001

НИГОҲ

Як бутта нигоҳам дар ҳайрати сабзи беша ва як шоха сўзанбаргии хиёл дар гулдўзии риштаборон ба сапедадомони маъшуқ.

Нигоҳе хушнависам аз мактаби чашми гулҳо, ки нигоштаам шукуфтанро дар гулвожае бо дурахши айни чашма дар алафзори "алиф"-и мижгон ва чашмакии шабнами "лом"-и зулфи бедмаҷнун дар толоби ҳарфи "ҳо".

Мадрасаи гулафшониям буд
гузаргоҳи насими тиловате
аз сулсии1 хўшаҳои зарҳалии баёзи само,
настаълиқии2 барги лолаҳо,
райҳонии3 навасони1 тавоф

1 Сулс- номи хате, ки онро хати куфӣ ҳам мегўянд.
2 Настаълиқ- навъе аз хат.
3 Райҳонӣ- навъе аз хат.

пешина
аз 264
навбатӣ