Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ба даври ғунчаи Каъба.

Баъд, паймудаам масири нигоҳи роз, ниёз, фикр ва сукутро аз оғози бепоён то поёни беоғоз.
Ва дар хулосаи як бутта ягонаги дидор зистаам бениҳояти сабзи ҷангалро.
Он ҷо, ки мегўӣ:
ай рўшантар аз диданиҳо!
Барг андар баргиям пур аз шукуфаи Туст!
Ман, дар бешазори нур андар нурият масти шукуфтам ва огин2 аз шабнамиву офтобият.

Як бутта нигоҳам
аз такшохаи зуҳур,
ки дўсидаам3
танҳойиро
ба ҳазор андар ҳазори гулҳо,
бўсидаам
гулрўйиро
аз Ёсини ёсуманбўи Худо,
пойистаам

1 Навасон- ҷунбидан ва такон хўрдани чизе дар ҷойи худ.
2 Огин- пур, лабрез.
3 Дўсидан- часпидан, часпондан.
рангорангро дар якчамании гули рўи Худо.

4-2003

ФАРИБУРЗ1

Ёде бодгари абри рўъё ва хаёлбороне садгисбоф2 аз барешими нигоҳу сиришк.

Орастае фарибурз аз ҳафтранги атласии ҳафт калобаи фалак ва гулҷўши рангҳо дар якии дурахш.

Фурўҳиштае ду ҳалқа намози гули ангуштона3 дар гўш аз буттаи ташаҳҳуд ва шаршараи мўйро дар обреси суҷуд.

Гулўш бофти сапедадамону гиребонаш дўхти нуриён ба сўзани мижгон.

Лабонаш
асалбастаи розу

1 Фарибурз- баландболо, хушқад.
2 Садгис- рангинкамон.
3 Ангуштона- номи гул.

пешина
аз 264
навбатӣ