Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

лаҳҷаи ноз ва ғазали чаҳ-чаҳ.

Чашмонаш намозгоҳи рангинкамон, мардумаконаш милмилаконе1 меҳробӣ.

Ман ҳавои мурданро муаттар кардам аз накҳати висол ба бўи зинда шудан дар мушкбўязори гесўш аз насими намози рангҳо ва шабанбўи2 сояҳо.

12-2002

СЎИ БЕСЎ

Онсўтар аз он сў аз борони абри дилам атри баҳоронаи нигоҳат мерехт.
Навозишат мебўйид шукуфаҳои дурахши толоби чашмонамро.

Онсўтар аз он сў буданам дар дунёи бе ту лабханди гулсанг буду ашки гулфаҳшанг ва рангинтар аз рангҳову сангинтар аз сангҳо.
Касе набуд ошнотару бегонатар аз худам.

1 Милмилак- чароғи сиёҳ, шамъ.
2 Шабанбў -- гули шаббўй.
На як дўсти намоёнам буд, на як душмани пинҳон.
Ман худамро бо заҳри ханда мекуштам ва бо нўшдоруи гиря зинда мекардам.

Онсўтар аз он сў намое рушанирез аз ҷамоли маъшуқи азал дар сурати туям метобид ва рўҳамро меозарахшид дар бозтоби ломпи барқи дидорат, ва гавҳари чашмонамро ҳал мекард дар асиди нитрати1 сиришк.
Ман зарра-зарра вокуниши2 ҳастаи3 хилқат ва ҷозибаи миқнотисии4 ваҳдатро ба сар мебурдам.

Онсўтар аз он сў орифонатарин тавозўъ аз маслаки беша месабзид.
Шариати дарахту гиёҳ тўр дар эҳсоси шоху баргам метанид.
Ман, дар сабзи сулук, солике будам хокинруху сафолинлаб, хирқапўше

1 Асиди нитрат – кислотаи нитрат.
2 Вокуниш – реаксия.
3 Ҳаста – ядро, атом.
4 Ҷозибаи миқнотисӣ – ҷозибаи майдони электромагнитӣ.

пешина
аз 264
навбатӣ