МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

аз акси моҳу атри сапеда, ва жандапўше аз рўшанои барфу ранги алаф.
Нур аз кафи барг менўшидам ва об аз нойижаи реша.
Хонақоҳам буд ковоки Пири дарахтон, (ё шайхушшуюхи ҷангалистон), ки маро меарғушид дар гулбоди зикри замину осмонҳо ва мехурўшид маро дар базми сўфиёнаи сўфитурғайҳо.
Онсўтар аз он сў мезистам дар идроки "дил ба ёру тан ба кор"; сабади соя мебофтаму тури анкабутӣ, ки сайд кунам моҳии моҳро аз зулоли ҳайрати об.
Хўшачини Роҳи каҳкашон будам ва хирманкўби хирмани анҷум.
Онсўтар аз он сў фақрам ғано ва ғаноям эҳдойӣ буд аносиру маволидро.
Ҳатто мижгонам неши хор ва шабнамии ашкам гўшвори гул.
Тиловати занбўр меҷабид шираҳои шугуфаи завқамро Ва лобаи чирчиракҳо медурахшид дар ашкам.
Кабкҳо менўшиданд об аз чашмаи чашмонам, чархресакҳо бо чархи сарам мўя мериштанд.
Осўтар аз он сў сўи Бесў буд, ки насими буданат мевазид дар набудан, ва накҳати баҳоронаи нигоҳат аз мазҳари ҳузур то маҳзари зуҳур.
2-2002
САБЗ ДАР САБЗ
Ману фурсатҳои сабз танидаем атри нигоҳи маҳтобро ба рўҳи баргҳо, Ва шигифтро дар чашми чашмаҳо.
Ману хиёлҳои сабз афшондаем хоби паррандаҳоро ба шукуфаҳои бодом ва бўсидаем шаҳпараквор гулҷўшаҳои рухи бодомчашмонро.
Ману

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё