Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

тапишҳои сабз
зиндаем
чун гиёҳи набз
дар сабзи гиёҳ,
ва дар умеди сабзи муждаи борон
аз лабханди абранҷак.1

Ману сонияҳои сабз омадаем аз замонҳои сабз, ва ҷонҳои сабзро атри сабз овардаем аз асли сабз.
3-2001

ТАҲАВВУЛ

Буд ё набуд, шайдоие буд, ки парса мезадем ишқи сангҳо, обҳо ва бодҳоро.

Вақте ки санг будам, меомадӣ аз гулсангҳои маҳтобӣ, ва мешукуфтӣ сукутамро дар чамани овози ситораву хаёл.
Ошиқонаҳоят дар нафасҳои ғамандўзи найнаво сангии дилҳоро об мекард.

1 Абранҷак- раъду барқ; сойиқа.
Вақте ки бод будам, меоғушидам гулбодиятро ва мерафтем кавири вовайло, то саргузашти ғариби як ҳазор Маҷнуну Лайло.
Мевазидем уқёнуси таҷаллоро, ки тобиши як лўълўи лолош дурахши як олам лайлойӣ буд.

Вақте ки об будам, бағалам пур аз зулоли пистонҳои маҳтобият буд.
Ману ту меорамидем дар обию алафии навозиш, дар бўсачини нигоҳ аз нигоҳ, дар лабрези мастии чашма аз висоли моҳ.

Ману ту печ мезадем дар насими мўябофи мавҷ ва чархоби ояҳойи яктойӣ.

Ва буд ё набуд, шайдойие буд, ки дар масири миёни хеш ва Худо мезистем обиву бодиву сангии ишқро.
6-2001

пешина
аз 264
навбатӣ