МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

НИМ-НИМ
1 Ним торикему ним рўшан, ки дунё ним нурониву ним зулмонист.
Ним дар савобему ним дар вубол, ки дунё ним раҳмониву ним шайтонист.
Ним оқилему ним ҷоҳил, ки дунё ним инсониву ним ҳайвонист.
2 Ва дунё дар нимароҳи омадшуд ним хизонаи ҳасин1 асту ним козаи хасин.
3 Ту ки аз марг гурезонӣ, он хизонаи пур аз симу зар аз они ту, ва тамомии нону тамомии ҷон барои хўрдану намурдан.
1 Ҳасин-ҷои монеъ ва устувору маҳкам.
Ман, ки аз зиндагӣ гурезонам, он козаи пур аз хору хас аз они ман, Ва ними нон барои хўрдану ними ҷон барои мурдан.
2-2001
ЭЙНШТЕЙН ВА АЛЛОМА ИҚБОЛ
Гулгаште шукуфабор аз фикрати мардоне худойгуна, ки дидашон айни шунидан буду шунидашон айни дидан, ва абирафшон аз гулхези таҷрибаву гулбези андеша.
Он ҷо басират садо мезад аз зеҳни Эйнштейн, ки масаррати диду шунид зеботарин эҳдост ва номафҳумтарин муаммои гетӣ ҳамонест, ки якояк фаҳмост.
Шунидан
аз диди Иқбол
медурахшид посухвор
қиёсро
аз таҳаввули эҳсос, ки фурўғи дониш асту маърифати ҳавос ва маҳаки тафаккур дар иёри эҳдос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё