МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Даҳои Эйнштейн месиришт нисбияти зарраҳои партаврезро ба сатҳи хоку нур ва гулҷўши ашиъаро1 дар пироҳани вақту фазо.
Закои Иқбол мебўйид таҷаллои ҷамоли ҷаҳонофаринро аз шабнами барги наргис ва атри тавҳидро аз лабханди як ғунча, ва аз якнигоҳӣ медид зарраҳоро офтоб.
Гулгаште шигарф, ки садо шугуфае буд он ҷо аз буттаи нигоҳ, ва насими моҳият атргардони тафҳим.
3-2001
ОЖИРОК2
Ҳон!
Имон дар ҳиҷобе аз дудбофти оҳ мегурезад
1 Ашиъа – ҷамъи шуъо.
2 Ожирок- бонг, фарёд.
аз тангнойи дудмўрийи гулўйи аср ва инсон!
Ақлро мебалъад ҳирси хўрдан, ҳушро тарси мурдан!
шайтанати зист ба пойхасти такопўи нафс меафканад ҷанозаи виҷдонро!
Худкомии улум ойинаҳои кашфу шуҳудро меолад ба нафаси касифи талбис ва уқёнуси ҳақиқати вуҷудро ба тўфони васвасаи иблис!
Муши мудерн мебарад аз тоқчаи нисён ҳосили таҷрибаҳои вуҷуду рўҳ, вуҷуду ақл, вуҷуду эҳсос, вуҷуду ихлосро!
Ҳон!
Чи тавоноие, дар кафанпечи замин ба дуди маҳвораву тайёра!
Чи доноие, ки илм овора ба ҷустуҷўи сукное дар дигар сайёра!
Чи виройие дар каргасвораҳои ҷосус, ки малакут гандида аз уфунати нобовари як инсон ба инсони дигар!
Пас, роёнаи1 зеҳн кай ба дарке мерасад, ки танзим кунад сууди2 як моҳвораро аз остони тавба то чакоди баланди исору омурзиш?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё