Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳон!
Шаётин дар тамошойи мазҳакаи инсон ғалт аз ханда мезанад, ки дар талвосаи сайди нафс пояш ба ҷои сар асту сараш ба ҷои пой!

Аммо, онсўтар аз будан, дар саропардаи зарбафти асл, мечакад милт-милти ашки имон -- ин марзитарин муқими ҷон, ки фирорист аз бошгоҳии инсони худрой -- ин роми бадромии худу тўрида аз Худой!

Ҳой!
Вой аз ин ҳол!
Вой!
Вой!

1 Роёна- компютер.
2 Сууд – боло рафтан.
ХЎШАҲО

Хўшазоре буду хўшачинӣ, ва як хўша гандум дар чашми мардум як хўша анҷум.

Хўшазоре буду хўшачинӣ, ва як хўша ангур дар токзори субҳ як хўшаи нур.

Хўшазоре буду хўшачинӣ, ва як хўша гесў дар чамани рух як хўша нозбў.

Хўшазоре буду хўшачинӣ, ва як хўша сиришк дар шохи мижгон як хўша гунҷишк.

2-2001

пешина
аз 264
навбатӣ