МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

...ВА САЛОМ БА МАРГ
...Ва андешаи маргу тафсири сабзиш зи фасли фарсойиш.
Ва овози дарахтие аз бесадойӣ:
ки маргро салом аз ниҳоди сабз ва рўйиш; аз иштиёқи канда шудан, ки мерақсад ба сурати барг; аз лаззати сад ҳазор рукўъ ва як саҷдаи уфтодану барнахостан.
Пас ларза нест ояти ваҳм, бал, реза-резаи арғушт дар хушбўйии шатҳиёти парандаҳост.
Ва рустан дар ростойи растан ҳувайдойи гузори истодайи мо ба жарфшеби ишқ аст.
Ва салом ба маргу ағбавориву теғаҳои ҷангалаш бо ин сўйи фироқу он сўйи висол!
6-2004
БЕБАРГӢ
Як хазина хазониям буд, ки дар бодхези ишқ парвона кардам ба даври чароғакҳои баргаки гиребонат.
Акнун бебаргиву барги гиребонат дар чанги барбод.
12-2003
Ё ЧУНОНЕМ, Ё ЧУНИН
Ва акнун аз биёбонмаргӣ меоям ва аз ташнагиву гумӣ ба бўи об.
Пайи пои як оҳу мерасонадам ба чашмае чу чашми Лайло дар маҷнунии рухи харсанг.
Ману чашма меоғўшем ва менўшем якдигарро.
Ў зи ман ҷунун мебалъаду аташ, ман аз ў нўшойитарин зулол аз булуғи пистоне лайлойӣ ва обандомии дўшизае рамандатар аз нигоҳи ғизол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё