МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Гулҳои мехаки лабхандаш мехкўбам мекунад ба девори маърифати ишқ ва оҳ, ки эй бойистаи омадан аз арсаҳои ҷамолу зулф!
Ҳаққо, шинохтамат, туйӣ, ки бо гулўбанде аз марвориди ситораҳо ва камарбанде аз навдаи анҷир ба тамошои дилам меомадӣ аз соҳилҳои рўди асалу шир.
Туйӣ, ки афшураҳои ангури чашмонат дар пиёлае аз обгини шабнам мастам мекард.
Масте, ки мепалмосид дарки буданатро дар вуҷуди хеш ва гўшона мезад:
бигў, эй Туи Ман, ва эй Мани Ту, ошиқ туйӣ ё ман, маъшуқ манам ё ту?
Махандидӣ ва посухат аз фасоҳати лаҳҷаи висол меомад, ки Ману Ту ё чунонем, ё чунин.
Баъд бо нарафтане аз ман, мерафтӣ то ибодатгоҳи кўҳии хуршед дар баландои қомати намози Замин.
Ман дар табхолазори лаби ғоре Савргуна як хўша нигоҳ будам, як бутта садо, як соқа сукут, як шоха дуъо, як панҷа гули ҳавоборонаки меҳ аз паси тўри маҳтобии бақо.
Ва акнун меоям аз биёбони ҳаҷру чашмаи висол ва аз хулосаҳои гум шудан дар Мане, ки Ўст.
7-2002
БОЙИСТА
Бирав, фурсате надорам ба ҷуз аз фурсати тамрин, ки ман бояд вақти мурдан табассум кунам.
8-2004

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё