МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

САБЗЖАНДАПЎШ
Саломаш кардам, ҳазор "хайра мақдам"
аз барги вуҷудаш рехт, ва ҳазор далел аз интисоби қоматаш бар хирқаи сабзи Пайғамбар (с).
Сабзжандапўше, ки бо ҳазор пиёлаи гул дар сапедбофаи субҳ майи нур аз хуми софии само менўшад ва дар ҳавои гулбод рақси зулол мебезад аз ҳазор парвезани остин.
Зону задам, ки "дуоҷўям, пандам деҳ!"
Имойи нишастанам кард сари суфрае аз бофти соя.
Дуое пар кашид аз баргпанҷаҳо:
ба ҳаққи қудрати сабзофарин ва 21 дарсади рўҳулҳаёти1 ҳаҷми ҳаво бо аломати шимиёии "О", ва ба ҳаққи бетабарии дастонат бегона шав аз бегонагӣ бо ман, ҷонона шав ҷонамро мисли хуршед
1 Рўҳулҳаёт – оксиген.
дар тани барг, мисли Ҳофиз дар армони Гўте, мисли Шамс дар ҳарими ҷони Мавлоно, мисли Лайло дар канори Маҷнун.
Фарҳехта шав дар сулуки андеша, ки тарбаданони сабз кавсари равони нўшин (ё оксиген)1 ба ҷони нўшинравононанд.
Бедарахтист инсонро кушандатар аз зарбаи табар.
Ва адами сабзоранг аҷзи тасаввур мезояд дар чигунагии биҳишт.
Пас ба ҳаққи фироқи Ҳазрати Одам(ъ), ва як асри гиря дар пушаймонӣ2 сабзгиря шав аз ҳасрате, ки инсон табар мезанад ба сифоти сабзи Ҳақ.
Гирён-гирён гуфтамаш:
падруд, ай сабзроди фалсафаи футувват ва исор!3
1 Оксигенро "равони нўшин" низ гуфтаанд.
2 Дар ривоят аст, ки Одам (ъ) сад сол гиря кард.
3 Исор истилоҳи ирфонист ба маънии ҳаққи худро фидои касе ё Сабраш аз такшохаҳои кундаи сукут худоҳофизӣ афшонд бо ҳазор лаҳҷаи баргрезони ғам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё