МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

2-2003
ҲАНЎЗИ ОШУФТАГӢ
Думҷунбонакҳо ҳанўз меафшонанд ошуфтагии маро ба амвоҷи обкўҳаи абр ва шаҳпаракҳо хаёли гирёнамро ба эҳсоси шабнамолуди бобунаҳо.
Ҳаво меварамад дар обии андўҳ, сукут дарун-дарун мегиряд, нам-нами борон мечакад аз мижаи шаб.
Гулҳои бодиён мепароканад атри лайлойии туро ба дарёбод, маҷнунии ман дар бодрўязор1 парса мезанад2 мўён-мўён.
чизе кардан; касеро бартар аз худ шумурдан.
1 Бодрўя - бодранҷбӯя, ниёзбӯ.
2 Парса задан – девонавор гардиш кардан.
...Ва парастуҳо ҳанўз меовезанд марҷони ошуфтагиямро ба гарданаҳои сапедарези яхкўҳа.
2-2001
ОЁ...
Девонайӣ оё?
Ки агар гирям, механдӣ.
хандам, мегирйӣ...
Девонайӣ оё?
Ки мехониям девона!
4-2003
ФАРОЯНД1
Нидое буд аз сукути бунбаст:
ки эй маҳбуси бошгоҳии тан!
Раҳи раҳойист даричаи чашм.
Ман, бо диле саршор аз ташнагии парвоз ва хастагие аз худкўбии гунҷишкона бар шиша ногоҳ берун афтодам аз ғови дида ба як сабад абр ва бўйи беша.
Фазое буд пур аз баҳору баҳоре пур аз Худо.
Худо шугуфтан мебофид аз ғунчаҳои субҳу шом, ва аз калобаи ҳамешаҳо гули атласии лаҳза.
Худо дар рўшнойии ҳусни Юсуф2 аз ҳалқайи гулҳойи чаҳ3 буд.
Худо дар замзамайи ҳазорон лаҳҷайи чаҳ-чаҳ буд.
1 Фароянд-амалиёт ва давраҳои лозим барои расидан ба як ҳадафи муайян; фарошуд.
2 Ҳусни Юсуф- навъе аз гул.
3 Гули чаҳ ё гули чоҳ-навъе аз гул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё