Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худо дар шамомаи гулбандаҳойи1 арўсии гули Марям буд, ва дар анбарбўйии Ёсин аз рўҳи ёсумин.
Худо ҳастиёнаи ҳама намоёни пинҳон ва пинҳони намоён буд.

Хостам аз худ раҳам ва заррае дар Ў бошам.
Аммо ҳугўяке аз девори тан ҷеғам зад:
ки эй шукуфаи ҳайрат дар миъбари баҳор!
Ҳанўз ин ҳама бубурди2 оҳангест аз шукуфти шайдойӣ.

Баргард, ба девору ворез, ва гулхез аз бениҳояти як ғунча мазҳар!
Баргард, бар падидойӣ аз обгини Ҳақнамо!

Ва ин буд фароянди бозгаште ба иштиёқи дидор.
12-2003

1 Гулбанда-пироҳане аз сўфи гулкорикарда, ки вақти арўсбиёрон ба арўс пўшонанд.
2 Бубурд- ба ду маъно: булбул ва шамома.
ОСУҒДА

Гоҳ-гоҳ бо тасаввури мурдан убур мекунам аз марзи замонҳо, ва мерасам ба фасли рўйиши мардумгиёҳи мардум аз гўрҳо.

Он ҷо
дар марғзори растахез,
туро меҷўям,
ки бо ҳам бубинем,
чӣ мефармояд Худо.
Бошад,
ҳамешаҳойи сабзро ба сар барем,
ё бисўзем...

Аммо, ман чи гуна сўзам?
Ки осуғдаи деринам дар оташи ишқат...

3-2001

пешина
аз 264
навбатӣ