МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ҲИҶРАТЕ ДАР БОТИН
Ҳанўзем сафарнасиби ниҳонсўи Бесў ва пайсипор аз нафс ба дил, аз дил ба сар, аз сар ба ҷон, аз ҷон ба Ҳақ.
Дар ин масир парешидаем мўяҳои боди тасаллоро ба дарахтони тирхўрда ва чашидаем шабнами гиряҳои сабзро аз лобаи баргҳо.
Дар ин масир расидаем ба андўҳи мўрчае маҷрўҳ, ки ҳарфи давоне буд дар сатри равони назми мўрчаҳо.
Хиҷлате дар рўҳамон хазид мўрчавор, ки инсон ҳашарот месозад шимиёйиву микробиёлужӣ, аммо, бо ду пой мелангад дар илоҷи захми пойи як мўрча.
Дар ин масир анбоштаем дилҳоро аз дилҳураҳои соҳил ва тапиши як моҳии уфтода ба чанги сайёд.
Дар ин масир гузаштаем аз чаҳчаҳаи соатҳои андалебӣ ва шамидаем замзамаи ҳазорон соли заминиро аз Замзами савтҳои муаттари лаҳза.
Баъд, дар поктарин хаёли обу маҳтоб пиростаем ошиқонаҳоро дар ҳузни мўрча, тапиши дили моҳӣ, ва оёти баргҳо.
Ҳанўзем гўёи "ё-ҳу", пўёи бекў, ҷўёи Бесў аз нафс ба дил аз дил ба сар, аз сар ба ҷон, аз ҷон ба Ҳақ.
8-2001 ОҲ, АЗ ИН БАДРУД...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё