Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Талъате аз бофти шафақи дарёйӣ ба обии зулол.

Қойиқе аз лабханду заврақрононе аз ду раддайи марворид.
Ва бўсаву нафас-нафас шино аз сояи занҷирҳо ва чанголҳои зулф.

Оҳ, аз ин бандари висол ва лангаргоҳи бадруд...

11-2004

ОҲАНГИ РАФТАН

Онак, мане, ки ўст, ва оне, ки ман аст, мебўяд аз нокуҷо рисолати гуфтро ки бояд рафт, рафт, рафт, то асое занӣ бар дуртар аз дур ва хаймае дар нуртар аз нур.
Бояд рафт ба сабзтарин сатҳи кабудаҳои менўйӣ, ки дидан мебўйиву шунидан мебинӣ, дарк менўшиву хиёл мечашӣ, ва дар толоби бурҷи дили як кабўтар ба сар мебарӣ навозиши леси нур ва моҳиёни сояро.

Бояд рафт ба чашмандозе, ки маҳтобаш бўи хиёл мекунад ва хуршедаш бўи висол.
Насим межулад дар нозбўзори шарми дўшизае, ки иштиёқи як бор бўйидану як бор бўсиданаш ҳазор ракъати намозамро балъид.

Бояд рафт аз омадан ба рафтану аз рафтан ба омадан, ки замон дуки давворе ба тору пуди зиндагиву миройист ва чилчароғи сайёре бо дурахши шишавори сонияҳо.
Ва мо дар лаҳзаҳову лаҳзаҳо дар мо зиндаи маргему мурдаи зист.

Бояд рафт
ба айёме рабубӣ, ки ҳар рўзаш баробари ҳазор соли мост, ва убур бояд кард аз оғози фарҷом то фарҷоми оғоз.

пешина
аз 264
навбатӣ