Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бояд рафт бо диле аз маърифати ишқ ва ҷоне аз моҳияти фарёд, ки эй, кўчаҳоят пур аз пурсиш!
Як кашкули чашм шабнам овардам аз шохаи рукўъ ва як сабад гули ашк аз обсоли доман.
Ва эй, оғушат пур аз дуриҳо!
Дар куҷое аз куҷоҳойӣ, ки дуртарин наздикиро аз наздиктарин дурият мебинам?!

Онак, мани ба зоти ў қойим ва қойими ў ба зоти ман мебўяд рисолати шукуфтанро аз гули садои тавҳид; ки рафт бояд, рафт, рафт, то нокуҷое, ки натавонӣ рафт ҷуз ба сўи худие, ки Худост.
12-2001
ЧИН ДАР ШИН1

Зулфат мўқалами бод буд, ки нақши пайроҳаҳои сарбастаи қисматро ба кафам кашид; чунон ки палҳои чин ба рўи талҳои шин.

3-2001

КАМПИРГУЛАК2

Пире ба боғ омад ки басиҷад дастагуле ба ёдгори арўсии кампираш.

Аммо гулҳои боғ афсурда буд яксар, ҷуз гуле, ки мегўяндаш "кампиргулак".

Пир шукуфт, як чаман хиёл шуд, ва гуфт бо наҷво:
-- мурамата, кампиргулак, ба ростӣ,

1 Шин- рег.
2 Кампиргулак- номи гуле, ки марвак ё мармарак низ гўянд.

пешина
аз 264
навбатӣ