МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

чи дилрабо ва чи зебоӣ бо шукуфаҳои ожанг...
4-2002
ОНСЎТАР
1 Онсўтар аз дидан табассуми Худо мешукуфт аз косбарги сапеда, ки шаҳпараке ораста ба гулдўзии "Аллоҳу акбар"-и насим дар баргҳои бол, тавофро бахя мезад ба даври домани рўз.
2 Онсўтар аз дидан табассуми Худо мешукуфт аз косбарги шом, ки хаффоше1 тавофро кўргираҳ мезад ба даври домани шаб.
7-2004
1 Хаффош- кўршапарак.
БОНУИ СИМ-СИМ
Он сў дилдору симвории тан, Ин сў хушдору симбории чашм.
Дар миёна симхору ду сўи ҷудойӣ.
Он сў чакалаки ҷамолак ва дўзодўзи гули боли гулпаракҳо ба ҳаваси шукуфтаи бобуназор.
Ин сў оташбодии дилу сўзосўзе чакалаквор.
Он сў боф-бофи мўй ба бўй, ва рез-рези садои борони ҷавлон аз зангўлаҳои ҷамолаки бонуи Сим-сим, ки ошиқош девонатар шаванд.
Ин сў осиёйии сари ошиқи савдойӣ ва чархаки санги шайдойӣ.
Он сў ба нўги ду гумбади дамида аз банди дили сапедадам ду қубба кафтари холдона қум-қум дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё