Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин сў дарё-дарё гумоби дили девона гум-гум дорад.

Он сў оз ба лаҳҷаи ноз мегўяд:
биё ба гулбоғи бағал ва бикшо тугмагулҳои дўшизаоғўширо.

Ин сў вовайлои "хокам ба сар", ки наям занбўри ширачин аз он гулрўйӣ, ҳатто на шаҳпаракам, ки бўе ҷўям аз ғунчавории он пистон.

Он сў пайванди симхору сими гесў ба барқи рухсори Сим-симбону, мабодо, ки дузд барад он ганҷи симсоқӣ, фирўзачашмӣ, садафдандонӣ ва он нигини розу лоҷварди ниёзро.

Ин сў
мане
норасодасту баҳонаҷў,
(аз хайли бўсадуздон),
садо мезанад
то нокуҷо,
то ба гўши акси овезони косаи саре
дар симхор,

Ки фидоят шавам,
Сим-сим!
Дарро кушо!
Кушо,
ки борон меборад сим-сим!

8-2003

ЗАМҲАРИР1

Замҳарире буду об дар хок шушабофу шишабанд.
Меомадӣ бо лабханду мерафтӣ бо лабханд.
Механдид ҳатто андўҳат ва гули ях дар рўҳат.

Замҳарире буду ишқе сармозада, ва дар лабонат яхбандони лабханд.

4-2001

1 Замҳарир- сармои шадид.

пешина
аз 264
навбатӣ