МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ
Моем, ки мешитобем аз лаҳза ба лаҳза, ва аз замонҳои белаҳза ба лаҳзаҳои безамон.
Моем шугуфаи зиндагӣ, ва зиндагӣ шугуфаи марг асту марг шугуфаи абадият.
Моем полудаи рўҳ дар кўзаи ҷисм, дурахши ботин дар ойинаи зоҳир, гули шабчароғ дар бешаи зулмат.
Моем, ки дар сангнабиштаҳои ҷабин ба сар мебарем маънии боду борон, табу тоб, ва таркишу ҳамойишро.
Моем
саришта аз сирешуми1 чаҳор унсур
ва ришта аз барешуми шашҷиҳат
1 Сирешум - моддае, ки дар часпондан ба кор равад; исрешум низ гўянд.
бо рангҳои мўҳлату атри ҳамеша.
Моем, ки гоҳ бенардбон ситора мечинем, гоҳе об дар ҳован мекўбем, бо як нигоҳ ба вартаи гунаҳ меафтем ва бо як оҳ мерасем аз зери чоҳ ба моҳ.
Моем, ки маҷангем бо худии худ, ки душманест пурзўртар аз чингизии шайтон.
Аммо дар паноҳи сарнавишт бедифоъем аз ҳароси мурдан.
Моем, ки аз гоҳанбору қидами олам меоем ва аз парешониву раҳгумзадагӣ дар бешаҳои нобовари андарунии худ.
Моем, ки меоем аз фурсатҳои муаттар бо кўлборе аз барги калому гули нур ва дастанбўе аз хулосаҳои рўйишу рабойиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё