Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Моем, ки мевазем нагҳати руҷўъро ба худие, ки ҷавҳари зоташ бо забони тобиш мегўяд:
боз ой, ба худ ой, ба худии худ -- дар Худой.

4-2001

ТЕОТУРИ ДАШТ

Оҳанге мевазад аз нути бод дар теотурийи дашт.
Алафҳо тамошойиву яккадарахт раҳбари оркестер, ва чирчиракҳо -- муғанниёни симфунӣ.
МАЪШУҚАИ ФАННӢ

Ишқро тафсир мекунӣ бо тафаккуре кампютарӣ.
Ҷое намонда дар зеҳнат аз эҳсоси санавбарӣ, кабўтарӣ, Ва аз шукуфтан дар маҳтобии нозу бомдодии роз.

Шигифто, мебоядам тохт аз паси рафтори мошинворат, мебоядам бохт бозиҳои электрунии ишқатро.

Бояд акнун сими гесувонатро ба ҷараёни барқ пайвандам, то ломпи чашмонат даргирад ва рўшание ба дилам резад.

Оваҳ, ҳастаи атумро мемонӣ.
Ману чанд шайдои мангуна электрунҳои беқарори саргардонем дар майдони оҳанрабоии висолат бо насибае аз шайтанати вокуниш, ва зиндаҳои ларзонем дар эҳтимоли таркиш.
3-2001

пешина
аз 264
навбатӣ