Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РОҲӢ

Меояд аз фарзи висол, ва аз пардаҳои фарсанг ба рўҳам мерезад оҳанги роҳувӣ1.
Обшори қудуми баландаш мебофад ба ҳам мўяҳои ҷўйбори танамро.

Меояд аз лаззати сабўҳии намози чашмаҳо бо озинаи шабнам дар мижаҳои гулсангӣ, ва гулчароғи оя дар булўри чашмон.

Меояд аз гум шудан дар эҳсоси бешаҳо, аз сабз шудан дар хаёли паррандаҳо бо табассуме савсанию нигоҳе ёсуманӣ.

Меояд аз насхи пайроҳаҳои сарнавишт ва мегўяд:
марг аст, ки зиндаем!
Сафири нестиему мусофири ҳастӣ,

1 Роҳувӣ – яке аз оҳангҳои мусиқии бостонии эронӣ; раҳовӣ низ гўянд.
ки бо фармудаи Ҳадис:
"таваллуд қосиди марг аст".
Гираҳхўрдаи замонем, то печ задан дар калобаи гули ошиқони печон, то боз шудан аз насими эҳё.

Меояд ва аз решаҳои фарсудан шукуфти эҳсосу атри ишқ меорад.
Сараш -- ғунчаи тавҳид, Дилаш -- кашкули шаҳди шуҳуд, Танаш -- сабўи моломол аз шароби ваҳдати вуҷуд.

Меояд аз қиёми хулосаҳо, к-эй мо!
Эй шумо!
Эй ҳама!
Ўст ману мо!
Ўст ҳама, ҳама Ӯст!
Ўст дар мо ҳама Ҳақ ва ҳама Дўст!

Меояд, чу як боғ насим, чу як пираҳан ҷавлон.
Дар ў дастафшону покўбон лутфи сухан меафшонад Ҳофиз.

пешина
аз 264
навбатӣ