Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ў дастобадаст меарғушад се масти аласт:
яке Боязиду яке Бўсаъиду яке Мавлоно.
Дар ў аз сари чўбаи дор механдад ақли Ҳаллоҷ, ки қатл хуштарин лаҳзаи умр аст!
Аммо, ҷони кандаи Халлоҷ сайҳа мезанад аз ҷунуни Шиблӣ, ва мехурўшад дарёбори тафаккури абнои башарро.
Баъд, сари буридаи Айнулқузот сар мекашад аз лобалои мавҷҳо ва бо ҷилвае аз рўшанои ояти ишқ овоз медиҳад:
ин манам, омадае, ки боз меояд Ба кўи мане, ки мани Ўст!
Ва ин манам, жулидае дар ашку хилват, ишқ хун, ва Худо!

3-2002
ЗИЛЗИЛА

Метарсед!
Ин зилзила аз таркиши вожаҳост ва марказаш зеҳни шоир.

12-2003

ЯКРЎЙӢ

Роҳам то ин ҷост, ки дигар на пой мекашад, на дил зистанро дар парокандагии ҳаюлойӣ ва бегонагӣ аз ҳамойишу вуслат.

Роҳам то ин ҷост,
ки он сў
ҳирс
вахимтар аз гуруснагии хирс,
ва иштиҳо
махуфтар аз морҳои сари дўши Заҳҳок аст.

Роҳам то ин ҷост,
ин ҷо
ба сар мебарам умқи сахрае,
ки сахтиш
маънии риёзат аст.

Ин ҷо
хоҳам осуд
дар вуҷуди ҳеҷу ҳеҷи вуҷуд, чун вуҷуд зода хоҳам шуд аз ҳеҷ, ва чун ҳеҷ аз вуҷуд.

пешина
аз 264
навбатӣ