Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин ҷо хоҳам зист дар мусалмонии кабутарҳо, дар нўшервонии адли занбўрҳо, дар низомулмулкии низоми мўрчаҳо, дар маънавиёти яккабурсе, ки боязидвор саҳфа мегардонад баёзи сапедаро бо ангушти шохаҳо ва оя мехонад бо лаҳҷаи ларзиши барг.

Ин ҷо дар ҳарорати овози чирчиракҳо мехушконам решаҳои аъсобамро, то нами тулўъ аз хокрешаи сабр бисабзонадам дигаргунатар.

Ин ҷо дар дуриҳойи дур аз ҳароси мурдан ва эҳтироси зистан, ном аз беномӣ меҷўяму ком аз нокомӣ, ва Худойро аз хешу хешро аз Худой.

Роҳам то ин ҷост, ки аз ҳавош атри хулоса меояд ва аз обаш лаззати моҳият.

Дигар на пой мекашад, на дил ба сўе, ки нафаси нафс олуда ҳавойи ҳастиёнаро.

4-2001

ГИЛА

Аз кўҳ омадӣ, бе дуздии бўи кокутӣ?

Ҳайфи дуздиҳои баччагиям бо ту,
вақте хуршед
тухме
дар лонаи абр буду
моҳ
косаи саршир
дар сабади меҳ.1

12-2003

1 Меҳ – туман.

пешина
аз 264
навбатӣ