МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ХАЁЛВОРА
Ҷангал фалсафа мебофад аз ғазали хоби парандагон ва шукуфтан тафсир мересад аз нахи ояҳои дидор.
Мебўям буттазори марҷонии тулўъро аз ойинавори толоби нигоҳе, ва зулоли ҳавасеро аз марвориди шабнами санавбарҳо.
Пур аз баргу роз мешаваму пур аз пич-пич, пур аз гиряҳои чашмаву пур аз ҳиқ-ҳиқ, пур аз хўшаҳои шабовезу1 пур аз Ҳақ-Ҳақ.
Ҷангал хаёле сабз дар раҳгузори маъшуқ аст, ки зари гул мепошаду сим-сими борон ва атри нигоҳе ҳулбўйиву висоле нозбўйӣ.
8-2001
1 Шабовез – мурғи Ҳақ; чук, чукак, чукчукак низ гўянд.
ОЛАМИИ ОДАМ
Одам олами ҳуҷайраҳост.
Чунон ки худ маскуни олами Худост.
Дами марги одам охирзамони ин бечора бошандаҳост.
9/2003
ГУЛГУНСАВОР
Ба ёди Муҳиддин Олимпур
Дареғо, дареғи гулгунсавории Олимпур, ки хуршедии пўяҳои навандаш1 аспреси2 тулўъе фарҳангиро гулҷўш карда буд аз озарахши афранги ориё.
Ў, дар сиёҳтарин зулмати замон бўи рўшнойӣ мекард, ва дар яхчарези айём то гарм кунад моро, аз чароғаки гулҳои маънавӣ шўъла мечид.
Ў,
ба самти боғҳои отифа роҳ меҷуст,
1 Наванд – аспи тезрав.
2 Аспрес – майдони аспдавонӣ ё чавгонбозӣ; аспрез, аспарсаб ва аспарсаф низ гўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё