МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ва аз шукуфаҳои тафаккур атри тозаи вожа мепажўҳид.
Ў, аз фарёдхези ишқ шевотарин тарона, ва аз нўшинтарин чашмаи ҳунар зулоли оҳанг меанбошт.
Ў, аз соиқаи заринёли самандаш ба дилам аташи донистан рехт, ва дар рўшании оташбарги нигоҳаш пайроҳаам бигшуд, ки паҳнаҳои уфуқи ҳамзабониро ба ҳам мепайваст; пайроҳае аз олимии Олимпур то нодирии Нодирпур.
Ў, армуғон овард абрешими сипеҳрии идрокро аз сапедабофи Пўпаки Нодирпур -- духтаре, ки дар ҳисори абру борон аз кўлҳои сапеди ситора сухан мегўяд ва фурўғии шеъраш машомро хуштар аз атри Фаронса хушбўй мекунад.
Дареғо, дареғи Олимпур, ки аз сапедадами ҷабинаш шеъри сапед мехондам.
Дареғи гулгунсаворе варҷованд1, ки дар паҳнаҳои нур наъли зарафшони навандаш буд аз зевари ситораҳо.
12-2000
ОРЗУВОНА
Биё, дигар наҷўем наҷустанрову наёбем наёфтанро, напўем нарафтанрову набинем надиданро.
Биё, дигар гурезем аз гурезу бозгардем ба бозгашт, аз рамидан рамему ром шавем орамиданро.
Биё, дигар дур шавем аз дуриву наздик ба наздикӣ, бемеҳр аз бемеҳриву дилсард аз дилсардӣ.
Биё,
дигар
наёем наёмаданрову
оем омаданро,
1 Варҷованд – баландпоя, арҷманд, барозанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё