МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

навозем навозишрову биёғушем оғушро.
4-2001
ОН ҶО
Ҳавасҳое пур аз себу гандум ва биҳишту ҳамешаҳои ишрат.
Аммо, биҳиштро бо ин ҳама ҳаво чӣ гуна мепойӣ, к-он ҷо наёрастӣ хўрд на гандуму на себ ва натвонӣ ёфт на фитнаву на фиреб?!
7-2004
ПИЖВОКИ НАЪРАИ ТАКБИР
Ба ёди Аҳмадшоҳи Масъуд
Шерҳо меғиреванд дар азои шерафжане, ки ваҷоҳаташ тоҷиконатарин шермардиро дар қудси номуси меҳан ба хурўш оварда буд.
Панҷшердара, ин диёри мардони шерпанҷа меоганад найистони малакутро аз пижвоки наъраи такбир.
Тасвирҳо мусаввитанд1 дар парчами миллат бо салои шеронаи Масъудин шаҳриёри шермардӣ, ки шуҷоаташ меафшонад шарори пирўзӣ.
Шеърҳо
мехурўшанд,
мегирянд
ҳамовои дарёбоди даррае,
ки сангари озодагон асту
мазҳари имон,
1 Мусаввит – баланд бонгкунанда.
ва хокаш шерболиши1 шерест аз нитоҷи Шери Худо.2
ШУКУФТЕ ДАР ШИГИФТ
Шукуфтан дар саҳнаҳои рўйишу коҳиш шигифтро ба анбўҳи сабзи тамошо биёғушт ва бозиҳои андомии рўҳро ба арғушти музҳику фоҷиаи барбод.
Ровие садо зад аз паси пардаҳои барг, ки ин шукуфт тобише дар имтизоҷи наботии рангу бўст, ва намое хокӣ аз таҷаллои афранги Ўст.
Саҳна чархид соярўшани лаҳзаҳоро ва шукуфтан одурахшид ойинаро аз ғайби зуҳур, озинаро аз ҷавҳари ҳузур ва лўълўи дилбариро аз косбарги нур.
1 Шерболиш – болиш ё муттакое, ки дар он сурати шерро нақш карда бошанд.
2 Шери Худо – ишора ба ҳазрати Алӣ (ъ). 10-2001

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё