МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Шукуфтан бо су-суи нигоҳ пар-пар зад дар рангоранги вожаҳо:
ки манам вуҷуде аз намояҳои вуҷуб, ва манам воҷибе аз воҷиботи Воҷибулвуҷуд.
5-2001
НАҚШБАНДӢ
Мўқалами бод сабзтарин арғуштҳоро ба ҷавлонҳои зард ва рангинтарин баргрезро бар гурези рангҳо олойид.
Баъд, бебаргиро дар беранги осмон бо ларзиши хушки панҷаҳо нақшбандӣ кард.
5-2001
ҲАВО
Ҳаво паррандаву ҷозибаи Замин қафас.
Варна ҳаво пар мекашид аз инсону ҳавову ҳавас.
9-2004
САФАРЕ БА ИСТОДАН
Ист!
Ин мўрча бигзарад.
Шояд ба гуфти Сўҳроб "меҳмонӣ меравад хонаи хола"1, ё ошиқ асту саргардон.
Посор2 накунем, мўрчаҳо дар сиришт аз хоканду хеши инсон, ва дар назмашон ҳама ҷонпаноҳи якеву яке ҷонфишони ҳама.
Ист!
Мебинӣ?
Осмону рахнаи мушаки маҳворабар, ва ҷинҳои фаробунафшу рақс дар лояҳо аз барори сайди зиндаҳо.
Биё гурезем аз зери сақфи пур аз мушии мушакҳои кайҳонӣ!
Аммо куҷо равем, ҷуз аз худ то Худо?!
1 Хотирае аз Ҷалоли Хусравшоҳӣ: "як шаб меҳмони Сўҳроби Сипеҳрӣ будем дар манзилаш, ки суске (гамбуске) омад ва дўстон ҳамла карданд, ки он сускро бикушанд. Сўҳроб шадидан аз суск дифоъ кард. Ҳатто ман пешниҳод кардам, ки аз панҷара (тиреза) бияндоземаш берун, гуфт: шояд дасту пояш бишканад! Шояд мехоҳад ба меҳмонии холааш биравад!" "Ҷоми Ҷам", 31 фарвардини 1382.
2 Посор – поймол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё