Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ист!
Кўҳе мебинам, ки нақши ҷуғрофиаш метобид аз тори сари раҳбари давлати абарқудрат.
Наравем мабодо каллаҷанги ақида бархезад аз таги по.
Мисли ҷанг бо ойин, сарочанг бо искалети Истолин, тупаланг бо худии худ, ки "нест бодо рукуд!"
Ва дар ниҳоят ғалабаи суқут!
Чунон ки мурғу афтодани тухму шодиёнаҳои "қут-қут".
Баъд, чўҷабаройиву паркушойӣ дар фарочанги гурбаҳо...

Ист!
Мешунавӣ?
Сари калтуту кабутарҳову калоча.
Яке мегўяд:
кўр шавам, дар ҷангали риши Дарвин на сор дидам, на мусича, на кабутар, ҷуз паррандаҳое аз кампютар дар шохсори интернет ва буттаҳои рустаи антен аз "Қонуни табодули аҷнос".1

1Чарлз Дарвин дар "Қонуни табодули аҷнос", ки дур аз шинохти Он ҷо, сойти "Ку-ку" садо мезанад:
дигар эй тайру вуҳуш, бояд рафт аз ин тангнову кутали харкуш!
Дигар, ҷаҳону гуруснамаргиву кашидани оҳ, сармоясериву кашидани нафт аз чоҳ, мисли хунмакӣ аз шараёни сиёҳи замини сияҳпўстон.
Дигар, сўзи гўру ҷўши деги мушаксозӣ ва хабаркаштарин маҳвораҳо аз пич-пичи як муш ба муши дигар дар сўрох...
Ва сари калтуту гапу гапча аз сабзиши ришханд бар ришговии қонунбофи табодул, ва шоха-шоха дуо, ки сўзад ҷангали он риш!
Роёнасоз худаш шавад роёна!

Мо,
рўйидем
аз шаҳвати кабўтарӣ,
на аз нутфаи барқу ҷанини кампютарӣ!

Ист!

қудрати Худост, мегўяд: ...нахустин ҷондор навъи воҳид буда... ва дар тайи такомул дуришта шуда, як ришта гиёҳу дарахт ва риштаи дигар ҷонвар гардида ... ва аз мароҳили табодул гузашта ва расида то ҳайвони дупо (яъне одам).

пешина
аз 264
навбатӣ