МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Роҳҳо яксар дигаргун:
як сў ба кайҳон, як сў ба дур аз имон, як сў ба жарфшеби ҷангали табодули инсон бар маймун, як сў ба ҳовияҳ ки бешаест аз оташи гунаҳ...
Ист!
Намеравем!
1-2002
ЛОНАИ ХАЁЛ
Маҳтоб лонаи кабўтарии хаёлам буд, Аммо вақте нигоҳатро расанвор афкандӣ ба чоҳи тахайулам, лона вайрон шуду хаёлам турид.
5-2001
АФСОНАИ РОСТИН
Боме пастаку нишасте диккак рўи пўстаки бузғолае гуреза аз оғили "калтакдорони сурх", ки бо тақозои "ҷунбиши ҳалқ"
эълом шуд: "душмани халқ"; ва болиште аз пари хурўси соли 37, ки эъдом1 шуд дар деги пуртафт бо гуноҳи ҷеғ бар намози бомдод.
Ва кампири Гулбиккаву пир-пири мокуҳои лаб, печ-печи риштаҳои чин ба ғалтаки колинг, ва рес-реси тори дуо бар пуди вовайло:
ки "дод, аз бузгалабоният, кали Сайёд!
Буду шуд як чипишам2 буд, ба ҷиғилдонат задӣ бо баҳонаи "гум шуд"!
Илоякам!
Чўби сари гўрат шавад асои чупунӣ!
Титу пит шавӣ аз пуфи аҷал чун пари қоқу!
Аз шах парӣ,
1 Эъдом – нест кардан.
2 Чипиш – бузи яксола.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё