Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

каргасо хўран мурдета, искалетат мактаб равад, ки бачаҳо дарси "анотумии одам" хунанд!
Илоякам!
Афтад лаби думанат алоби гулхан, ки ғинҷ шавӣ мисли падарат, ки осуғдае аз оташи ишқам буд!

Дуо аккавор омад лаби ғори гўши Сайёд.
Чунон шуд ғиш-ғиш, ки бечора заҳракафнамову ҳафтларзае ба ҷон, аккаро ҳатто нагуфта "киш", аз шах ба шах ҷаҳиду аз ҷар ба ҷар дар ков-кови чипиш.

Баъд, акка паём овард аз теғаи Пардўш:
ки он сабукпо чипиш ва таккаи масти Сайёди даҳаняла бо гурез аз гала дар ғавшоди1 Устоғуш ғунудаанд шабе чанд оғўш ба оғўш!
Сайёд болшевойӣ накард,

1 Ғавшод – ҷои нигаҳдории рама; қутан.
ки накушт таккаву чипишро.
Бал гуфт:
ба ҳурмати арвоҳи сусиёлизм озод кардам таккаро аз қайди моли шахсиям, ки "шавҳари" чипиш асту "хонадомоди" Гулбикка!

Боме пастаку тамошое бе пули пуччак.
Кампири Гулбиккаву пунбаҳое нағозида, ва табассуме то буни гўш ёзида, ва ғазалбофи дўки манаҳу ҳазору як чақ-чақ:
"мурамата, Сайёди ҷун, ки рост омад хобам аз рақси раҳматии падарат дар шамолрави тагоби Сангоб, ба савти рубоби гулсангии об.
Ман гуле будам, обӣ, барги рухсораҳо гулобӣ.
Баъд, яке чипиш шудам ва аз чипиш яке арўс, ки мехиромидам чамани зулоли чашмаҳоро.
Падарат яке шуда такка ва аз такка яке домод, ва тоҷаш буд аз гули ревоҷ, аммо, душоха, чун ду шохи такка".

пешина
аз 264
навбатӣ