Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Боме пастаку кампири Гулбикка, ва гулбофи қофия аз арўсию домодӣ...

Онсўтар пичир-пичири мардум; ки булбул рўйид аз акка.
3-2004

ДУЪО

Худоё, паноҳам деҳ!
Ки чун балои охирзамонам метарсонад ҳароси инсони муосир аз шеър ва имон!

5-2003
ИНҚИЛОБИ ГУЛҲО

Баҳор гаравгони гармову шукуфойӣ асири аташ.

Фасл
ба шилми рукуд часпида
ва суфуфи сарбозии сапедорон
ба исрешими амри «хабардор!»1

Ва ниҳояти сабр наҳзати абрро алайҳи тоби тобистон ба шўриш хонд.

Амри сарҳангии бод вазид ва шилик дод сипоҳи тундар озарахши тўдаҳои абранҷакро2.

Ғунчамаргон бўйиданд аз навозиши нам-нами борон дидори гулбаргӣ.

Охирин рамақи рўйиш як муғҷа табассум шуд аз тамошои суқути салтаи гармо.

Насим парафшон кард инқилоби гулҳоро ва иҷлоси олии чаҳор унсур қонуни шукуфтанро ба тасвиб расонд.
2006.

1 Хабардор! – амри низомист ба суфуфи сарбозон, ба русӣ «смирно!».
2 Абранҷак – барқ, соиқа.

пешина
аз 264
навбатӣ