МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ҲИС
Ҳис мекунам ҳама чизам ҳаст, ба ҷуз ҳар он чи нест.
Нафасам пур аз бўи хоки боронхўрда, ҳавасам пур аз дурахши шишаоби чашми оҳу, фикрам пур аз парвози фалсафаи содаи кабутарҳо, нигаҳам фурўғ мечинад аз су-суи шабнами санавбарҳо.
Қалами хубе дорам аз сихи хўшаи гандум, агар касе надуздад, ҳамеша бо ман аст.
Ва баёзе аз чанд варақи тахтасанг, ки зовияҳои ҳандасаи насимро тарсим кардаам.
Ва аз шумо чӣ пинҳон,
шонае дорам
аз тоҷи шонасарак,
ва кулоҳе пўпакдор,
ки боре бод
аз сари як қосидак1 рабуда буд.
Ва дасторе
аз бофти бодресаҳо1,
1 Қосидак – қоқу, гули қосид.
ва кафше, ки баъд аз дариданаш табдил шуд ба лабханди гули кафшак2.
Ва аммо ҷонамозам мисли як тикка ҷазираи нолаҳост, ки он ҷо Худо фурў ҳишт ҳазрати Одам алайҳиссаломро аз биҳишт.
Гоҳ-гоҳ бо адои намози сиришк дар сапедадами бобунаҳо ва шафақи шукуфаҳои бодом меодурахшам гули рухсори заминро бо шабнами бўсаҳо.
Гоҳ-гоҳ яла мекунадам гиря аз кўргиреҳи вонамуд, ва кўкам мезанад ба ваҳдати вуҷуд.
Гоҳ-гоҳ дар бошгоҳе миёни буду набуд печ мезанам ба дарки ҳеҷ ва маънии пучи ин дунё.
Ва намефаҳмам
1 Бодреса – тиккаи чарм ё чўби нахпечӣ дар дўк; куличаи сутуни хайма; гирдоб; навъе аз паранда, ки вақти парвоз гоҳе дар ҳаво меистад.
2 *Гули кафшак – навъе аз гул.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ