МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

дороям ё нодор, аммо ҳис мекунам ҳама чизам ҳаст, ба ҷуз ҳар он чи нест.
11-2007
САРАХБОРИ НАШНИДАН
Нашнидан падидаест, ки метобадам садои зулолро аз даричаи шигифт бо обитарин рангу шаффофтарин оҳанг.
Ман танини гулсангбофиро дар дуки обу нур гулдўзӣ мекунам бо резбори ситораҳои дараи Пардўш ва ҷилои савти чашмаҳо.
Ман, ки дар ҳунаристони олии хирманҷо оҳангсози «майдаё»-хонон будам, ҳолиё хўша-хўша нут1 мебофам аз шаддаи сорҳо дар ларзиши торҳои насим.
Гўшҳоям
пур аз симфунии чиқ-чиқи гунҷишк,
1 Нут – нота.
шав-шави оби осиё, ва мўяҳои ғижжаки занбӯру занҷара.
Ман, ки аз табори гандуму коҳам, парандаҳо лона дар хаёлам месозанд, анкабутҳо дар сукутам тор метананд, мурчаҳо аз ханбаи тафаккурам дона мекашанд.
Шунудам қабл аз суқут ба абарфарҳанге мемонист – пур аз ҳамҳамаи тамаддунҳо ва салои мардумоҳангӣ, пур аз хурўши рўдбори шеър, пур аз сурўши обшори дувоздаҳмақомӣ, пур аз ғазали шабу шабнам, пур аз матали гулзору гулузору чаман-чаман гули чакан.
Оваҳ, дар акнунҳо тапишободи охиратам ва намегунҷадам ҳатто як савти ҷисмовойӣ.
Худо доност,
шояд
як таҷрибаам,
ки нисор бояд кард
шунидро
ба як боғ ку-куи мусича,
ба як дашт тиловати занбўр,
ба як рўд сози гушойиши дари биҳишт, ки дурахши шабнамҳош ба ҳушам мерезад шаффофтарин оҳангро бо атри насими беша ва обшори ҳамеша.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ