МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

9-2007
ДАР САБЗҲУШИҲО
Чи боварат ояд, чи наёяд, аз баргкишвариву решамарзӣ меоям бо рангу бўи ҳис ва садои ҳуши гиёҳгунагӣ.
Он ҷо зист пешаварист дар хостгоҳи рўҳулҳаёт1 ва рўйиш ҳастиёнабоф аз нахи рутубат.
Он ҷо сабзмастони шароби нур ҷилваи ранг ва симфунии бод мешаманд аз саҳнаи муҳит.
Ва даркҳо лабрези ҳавосу ҳосаҳо ҳамовези ҳавас.
Он ҷо шеър
салиқае дар бевожагист,
1 Рўҳулҳаёт – оксиген.
ки аз шукуфтан маънии муаттар мебофад.
Он ҷо дар русуми наботӣ дўшизагист муғҷабандӣ ва наварўсист ғунчаворӣ.
Он ҷо оҳанги бесадоӣ мевазад дар воҳаҳои барг ва бешаҳои реша.
Он ҷо равони нўшин1 зебандагӣ ба қомати зист медўзад ва таҳбисоти тамаддун таҳбандӣ мешавад аз дебои сабзи хилқат.
Шояд ба шигифт андарӣ, ки меоям аз дурўғ ё девонагӣ?
Аммо чи бовар кунӣ ё накунӣ, аз пушти ин девори фарсуда меоям, ки гулбоғест он ҷо ойинавор аз шаффофи зеҳни алафҳо ва шабнаму ҳис.
12 - 2006
1 Равони нўшин – оксиген.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ