Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САНГОВОЙӢ

Санг мешудам, хуб буд, Мезистам дар эҳсоси ҳамсоягии решаҳо ва сабри муаттар аз ҳуши бешаҳо.

Санг мешудам, хуб буд, сахтиро ба сар мебурдам ба ҷои ковокии зеҳн, ки намедонам оё аз дидгоҳи пўпаки гули қоқу ба мақоми як кафшдўзак расидаам?

Санг мешудам, хуб буд, ба ҷои ин ҳама ҷунунпарастиву шармандагӣ, ки нишоне аз улфати маҷнуниям нест бо оҳувон.
Ҳатто дирўз ромтарин ғизоли боғи ҳайвонот рамид аз ман, чунон ки мо аз марг.

Санг мешудам, хуб буд, менадидам ташнагиро ҷонҳанҷи1 гуле дар гулдони семинори ҳифзи табиат.
Гуле, ки ба забони модарии мо мемонист.
Он ҷо

1 Ҷонҳанҷ – берункашандаи ҷон.
баҳси нахушкидани гулҳо реша дошт ба обёрии гулўҳо, ки дар имтидоди суханварӣ ба забони бегона аз гулу гиёҳ иваз мешуд истакуни оби рўи минбар.

Санг мешудам, хуб буд аз буду бош дар гуноҳу бодафроҳи1 рўзи ҷазо ва ҳасрати «хок будаме, эй кош»2.

Санг мешудам, хуб буд, мепўшидам камзули махмалӣ аз тибити об, ҷелаке аз ҷулбаки ғук3 ва яктаҳе аз пати барфу нахи офтоб.

Санг мешудам, хуб буд, барои санговдавак гулсангитарин ғазал мехондам аз дафтари сукут.

1 Бодафроҳ – сазои амал, ҷазо. «Бодафраҳ» низ гўянд.
2 Хок будаме, эй кош» - тарҷумаи «ё лайтани кунту туробо».
Сураи Наба, ояи 40.
3 Ҷулбак – ҷомаи қурбоқа.

пешина
аз 264
навбатӣ