Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Санг мешудам, хуб буд,
менозидам
аз Ҳаҷаруласвад1,
ки диданаш
инсонҳоро кабутар мекунад
бо пар-пари ишқ

2 – 2008.

ИЛТИҶО

Лайло,
Ай рўй – панҷаи офтоб!2 Меравӣ?
Куҷо?
Онсўтарҳо -- сўи бесў, инсўтарҳо – қаламрави «ё - ҳу».

Баргард, к-аз найистони ишқ Худо як дарза нолаам доду як қабза ҷунун, ва туро як шоха лайлойӣ.

Пас чӣ сон Лайло набошӣ, ки ба дунё омадаӣ барои маҷнунии ман!

Ай падидаи Ҳавво
аз палҳои дандаи1

1 Ҳаҷаруласвад – санги сиёҳе дар Каъба, ки ҳоҷиён онро мепармосанду мебўсанд
2 Рўй-панҷаи офтоб – ибораи мардумии тоҷикист ба маънии ниҳоят хушрў ва дилрабо. (Ниг. «Фарҳанги ибораҳои рехта», Душанбе,1963, саҳ.938).
Абулбашар (ъ)!
Баргард аз хиёли ҷудойӣ!
Ки мани рўйида аз гандумрези ашк Ва гулафшони оташ бар қомати Иброҳим (ъ), ҳатто баъд аз ҳазор сада ё сад ҳазор сана, тавонамат ёфт, чи сокини хиёли парандаҳо бошӣ, чи шукуфаи ҳис аз барги анбарборис, чи гулпари товус, чи оташбарги боли қуқнус2

Лайло!
Шойиста нест ин фирор бойистро.
Ва мани як каҷкул ишқ, як қаландар фарёд, як «ҳу» бикашам аз боми бомдод, гирдоб шавад ба гирдам афлок бо хурўшу пижвок бо сурўш.
Ва туро хоҳам дид, ки ба пиндори дамиши сури Исрофил зиндавор мечархӣ андар ба каҳкашониям.

1 Данда – қабурға.
2 Қуқнус – мурғест ба ғоят хушрангу хушовоз. Гўянд минқори ў 360 сўрох дорад ва дар кўҳи баланд муқобили бод нишинад ва бо садои аҷибу ғариби худ мурғонро ба гирди худ ҷамъ кунад ва чанде аз онҳоро гирифта тўъмаи худ созад. Гўянд ҳазор сол умр бинад ва чун ҳазор сол бигзарад, ҳезум ҷамъ созад ва рўи он нишаста сурудан оғоз кунад ва маст шавад ва бол барҳам занад ва оташе аз боли ў биҷаҳад ва дар ҳезум биафтад ва худ бо ҳезум бисўзад ва аз хокистараш тухме падид ояд ва ўро ҷуфт набошад ва гўянд мўсиқиро башар аз овози ў дарёфта.

пешина
аз 264
навбатӣ