МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Лайло!
Ҷуз ин нест, ки меҷўйӣ пари мурғи ҳумо.
Аммо мани як фаввора аташ ҳатто баъд аз ҳазор милод ба сурати хуршед аз кабудаҳои уфуқ хоҳам руст, ки биёғушам як бутта сапедадамиву як панҷа боронӣ ва як бағал шабнамиятро.
Лайло!
Ба ростӣ, онсўтарҳо ҳама кўи нокуҷо, инсўтарҳо ҳама сўи моваро.
Пас меравӣ, куҷо?
Баргард, ба ҳурмати вовайло, косакуҷомонам1 макун, ай рўй – панҷаи офтоб, Лайло, ва эй Лайло!
1-2007
1 Косакуҷомонам макун – ибораи мардумии тоҷикист ба маънии бетоқат ва ё саросемаам макун. (Ниг. «Фарҳанги ибораҳои рехта», Душанбе, 1963, саҳ. 570).
ДАР ПУШТАИ САРИ ОСИЁ
Зиндагӣ, яъне, таниш ба накҳати намози майсаи гандум.
Мо, гандумсириштонро, якояк мекоранд дар пуштаи Сари Осиё; то бирўем аз лаҳҷаи дўли осиёи маҳшар бо ғазали гандуму коҳ, ки зиндагист ояте аз насими «ло илоҳа иллалЛоҳ».
Ва зиндагӣ, яъне, як ҷўша тапиш аз мояи сиришт, ва як хўша таниш ба накҳати биҳиштии намози майсаи гандум.
10-2007

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ