МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

РОЗЁНА
Ҳанўз мегирёнадам пинаки моҳтобу шиҳаи асп.
Рухсораам варақи ашкнабиштаи гулсангист.
Ва эй мижгонат аз ёли наванди нур!
Биё, ба тафсирам дар рушанои муаттари сапеда аз гулбези такбир.
Шояд як одурахшам аз аждоди шарораҳои наъли таковари Алӣ (ъ) ва он нафасзанон давандагони якҷилав1 дар санглохи водии Ёбис2.
Ва эй хушбў аз райҳонии хати сиришки ҳазрати Заҳро андар ба роҳпойӣ, биё, ба оташбаргзори наълу хорасанг ва анбарбўии гиря дар пинаки маҳтобу шиҳаи асп.
Биё, боз о,
1 Ишоратест ба сураи Одиёт.
2 Ёбис номи водиест, ки дар соли ҳаштуми ҳиҷрат ҳазрати Алӣ (ъ) бо як ҳамлаи бомдодӣ бар куффори қабилаи Бани Салим пирўзӣ ёфт ва дар робита ба ин сураи Одиёт ба Паёмбар(с) нозил шуд.
ба бомдоде, ки шукуфтайӣ гулҳои ёлвожаро дар як чаман Аллоҳу акбар.
5-2008
ҶЕҒ
Эй!
Кай меойӣ?
Кўк шудаам дар ғами худ...
Шояд аз ин кўчаҳои бетуйӣ бихонадам парандае ба лабханди даштҳо.
Он ҷо метавон аз сукут як кабўтар сохт ва аз бўсаи обу алаф найнавое бофт, ки эй фурўҳишта бар оғўши ғуруб!
Он қадар ҷеғат задам, ки дунё арғунуни лоба шуд бо пижвоки эй, эй!
Акнун «эй» аз шигифтам мерезад, хаёлам «эй» мебезад.
Илоҷам нест ҷуз печ задан дар фалсафаи гули печак, ки мегўядам:
фарсойишу сабзиш асли якдигаранд, чунон ки фарзонагиву девонагӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ